Дар Тоҷикистон аз коҳиши коронавирус хабар доданд: нашри омор

© FlickrВрач изучает рентгеновский снимок
Врач изучает рентгеновский снимок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ маълумоти охирин дар бораи паҳншавии сирояти коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистон сабти ҳрлатҳои мубталошавӣ ба COVID-19-ро идома медиҳад, аммо ин маризӣ нисбат ба маълумоти рӯзҳои истироҳат ду баробар коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 3 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки тайи як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 5 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Омикрон охирон нест: вирусшиноси рус аз ояндаи коронавирус гуфт
Аз аввали бақайдгирӣ ин беморӣ дар кишвар 17378 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора то кунун 17241 нафар шифо ёфтаанд.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Дар пасманзари афзоиши ибтило ба бемории COVID-19, барномаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Тақрибан 80% сокинони кишвар аллакай эм карда шудаанд, ки тақрибан 4,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ваксинзании зидди беморӣ дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони ба синни 18 расида ҳатмист.
Шаҳрвандон барои ин метавонанд бо яке аз 5 дору - Sputnik V, AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Pfizer ваксина гиранд.
Лентаи хабарҳо
0