https://sputnik.tj/20220211/qurb-rubl-tojikiston-garon-1045745804.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ гарон шуд
Қурби рубл дар Тоҷикистон қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пули русӣ афзоиши тадриҷиро дар баробари сомонӣ идома дода,ба нишондиҳандаҳои қаблияш наздик мешавад
2022-02-11T09:33+0500
2022-02-11T09:33+0500
2022-02-12T12:31+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
бонки миллӣ
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045696375_0:162:3078:1893_1920x0_80_0_0_3cb42827c86a4a7350baa3a6425fcee5.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тӯли ҳафтаи ҷорӣ болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон идома дошт. Пули русӣ қариб ба сатҳи охири соли 2021 боло рафт, аммо ҳанӯз ба ҳадди максималии худ, ки қаблан ба он расида буд, нарасидааст. Тибқи иттилои БМТ, ҳоло ҳазор рубл 151,2 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки рӯзи душанбеи 7 феврал дар сатҳи 148 сомонӣ муомилот мешуд. Афзоиши умумӣ се зинаро ташкил дод. Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9193 сомонӣ арзиш дорад.Ин асъор ҳарчанд тайи даҳ рӯзи ахир беш аз 30 сомонӣ афзоиш ёфт, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад. Агар дар аввали моҳи феврал як евро 12,60 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас қурби нав аллакай ба 12,92 сомонӣ иваз шудааст.Нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220206/boloravi-dollar-1045539224.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0a/1045696375_32:0:2763:2048_1920x0_80_0_0_107fe3264d5dfdd8724aac2072211b26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон гарон
қурб рубл тоҷикистон гарон
Қурби рубл дар Тоҷикистон қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ гарон шуд
09:33 11.02.2022 (Навсозишуда: 12:31 12.02.2022) Пули русӣ афзоиши тадриҷиро дар баробари сомонӣ идома дода, ба нишондиҳандаҳои қаблияш наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тӯли ҳафтаи ҷорӣ болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон идома дошт.
Пули русӣ қариб ба сатҳи охири соли 2021 боло рафт, аммо ҳанӯз ба ҳадди максималии худ, ки қаблан ба он расида буд, нарасидааст.
Тибқи иттилои БМТ, ҳоло ҳазор рубл 151,2 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки рӯзи душанбеи 7 феврал дар сатҳи 148 сомонӣ муомилот мешуд. Афзоиши умумӣ се зинаро ташкил дод.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9193 сомонӣ арзиш дорад.
Ин асъор ҳарчанд тайи даҳ рӯзи ахир беш аз 30 сомонӣ афзоиш ёфт, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад. Агар дар аввали моҳи феврал як евро 12,60 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас қурби нав аллакай ба 12,92 сомонӣ иваз шудааст.
Нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9193 то 13.1000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1512 то 0.1525 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.