Қурби рубл дар Тоҷикистон дубора боло рафт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Пули русӣ афзоиши тадриҷиро дар баробари сомонӣ идома додаву арзишашро то нишондиҳандаҳои охири соли қаблӣ беҳбуд мебахшад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар тӯли ин ҳафта болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон идома доштааст.
Пули русӣ қариб ба сатҳи охири соли 2021 боло рафт, аммо ҳанӯз аз ҳадди максималии худ, ки қаблан ба он расида буд, дур аст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.150,8 сомонӣ қимат дорад.
Асъори русӣ давоми як рӯз дар баробари пули миллии сомонӣ наздик ба як сомонӣ боло рафтааст. Аз аввали ҳафта ин асъор 148 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби евро низ дар баробари пули миллӣ афзоиш меёбад ва ба нишондиҳандаҳои аввали сол бармегардад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9261 сомонӣ боло рафтааст.
Ин асъор ҳарчанд боло рафт, аммо ҳанӯз дар ҳоли шинокунанда қарор дорад, зеро нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Пстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Дар мавриди арзи амрикоӣ бошад, қурби он муътадил буда, дар ҳудуди 11,30 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9261 то 13.1200 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1509 то 0.1530 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0