https://sputnik.tj/20220125/ashraf-ghani-saka-maghz-sar-shud-1045122277.html
Ашраф Ғанӣ сактаи мағзӣ шуд
Ашраф Ғанӣ сактаи мағзӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан маълум нест, ки вазъи сиҳатии собиқ президенти Афғонистон чӣ гуна аст
2022-01-25T14:24+0500
2022-01-25T14:24+0500
2022-01-25T18:04+0500
афғонистон
тандурустӣ
ашраф ғанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_5871d2e131040aa1f3cc5e9ab3d0b5db.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, президенти собиқи Афғонистон дучори сактаи мағзӣ гардидааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Kabul Times".Зимнан BBC низ бо истинод ба як манбаи боэътимодаш дар Абузабӣ хабари бемор шудани Ашраф Ғаниро таъйид кардааст. Ин хабаргузорӣ навишт, ки ӯ 25 январ дар манзили худ дучори сактаи мағзӣ шудааст.Гуфта мешавад, Ғаниро пас аз ба ин дард гирифтор шудан фавран ба бемористони Шайх Зоҳид интиқол додаанд ва ӯ феълан таҳти табобати пизишкон қарор дорад.То нашр шудани ин хабар ҷузъиёти бештари вазъи сиҳҳати Ашраф Ғанӣ маълум нашуда буд. Наздикон ва ашхоси наздик ба Ашраф Ғанӣ ҳоло расман бемор шудани ӯро таъйид накардаанд.Ғанӣ 15 август дар ҳоле ки толибон дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард. Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хондааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу Ватан унвон карданд.Ашраф Ғанӣ ҷояшро гуфту эълон кард, ки ба Афғонистон бармегардад - видеоДар рӯзҳои аввал аз фирори Ғанӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Уммон гузориш мешуд, аммо расман ин иттилоъ такзиб гардид.Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дастовардҳои 20-солаи кишварро зери по гузошту кишварро номардона тарк кардааст. Ӯ афзуд, Ғанӣ бо худ ҳудуди 169 миллион доллари нақди мардуми Афғонистонро низ бурдааст.
https://sputnik.tj/20210819/ashraf-ghani-bemoriston-bistari-shud-1041745866.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_6f31987447e946cede01d5e488c5a319.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ашраф ған сактаи мағзи сар
ашраф ған сактаи мағзи сар
Ашраф Ғанӣ сактаи мағзӣ шуд
14:24 25.01.2022 (Навсозишуда: 18:04 25.01.2022) Феълан маълум нест, ки вазъи сиҳҳати президенти собиқи Афғонистон чӣ гуна аст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, президенти собиқи Афғонистон дучори сактаи мағзӣ гардидааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Kabul Times".
"Муҳаммад Ашраф Ғанӣ кишвардори собиқи Афғонистон сактаи мағзӣ шуд", - навиштааст ин рӯзнома.
Зимнан BBC низ бо истинод ба як манбаи боэътимодаш дар Абузабӣ хабари бемор шудани Ашраф Ғаниро таъйид кардааст. Ин хабаргузорӣ навишт, ки ӯ 25 январ дар манзили худ дучори сактаи мағзӣ шудааст.
Гуфта мешавад, Ғаниро пас аз ба ин дард гирифтор шудан фавран ба бемористони Шайх Зоҳид интиқол додаанд ва ӯ феълан таҳти табобати пизишкон қарор дорад.
То нашр шудани ин хабар ҷузъиёти бештари вазъи сиҳҳати Ашраф Ғанӣ маълум нашуда буд. Наздикон ва ашхоси наздик ба Ашраф Ғанӣ ҳоло расман бемор шудани ӯро таъйид накардаанд.
Ғанӣ 15 август дар ҳоле ки толибон дар канораҳои Кобул қарор доштанд, аз Афғонистон фирор кард. Ӯ далели тарки кишвар карданашро ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар Кобул хондааст, аммо бисёре аз сиёсатмадорону шаҳрвандони Афғонистон ин амалашро хиёнат ба халқу Ватан унвон карданд.
Дар рӯзҳои аввал аз фирори Ғанӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Уммон гузориш мешуд, аммо расман ин иттилоъ такзиб гардид.
Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъкид кард, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дастовардҳои 20-солаи кишварро зери по гузошту кишварро номардона тарк кардааст. Ӯ афзуд, Ғанӣ бо худ ҳудуди 169 миллион доллари нақди мардуми Афғонистонро низ бурдааст.