https://sputnik.tj/20220119/rusiya-kudakon-shtamm-omikron-1044933816.html
Иммунолог: Аз штамии омикрон бештар кӯдакони то сесола мефавтанд
Иммунолог: Аз штамии омикрон бештар кӯдакони то сесола мефавтанд
Sputnik Тоҷикистон
Иммунологи рус мегӯяд, аз омикрон бештар кӯдакони то се сола ва ҳамчунин пиронсолон фавт хоҳанд кард
2022-01-19T13:10+0500
2022-01-19T13:10+0500
2022-01-19T17:22+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043106848_0:308:3093:2048_1920x0_80_0_0_73ed1af0ec36d957174c54e891bb2044.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз штамии омикрон бештар пирон, нафарони гирифтори бемориҳои музмин ва ҳамчунин кӯдакони то сесола мефавтанд, хабар медиҳад "Ura.ru" аз қавли иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков.Ин мутахассис ба афзоиши маргумир аз ин навъи коронавирус дар миёни тифлон таваҷҷуҳ кардааст.Ба гуфтаи ӯ, наврасон ба штамми омикрон тобовартаранд, зеро системаи масунияти онҳо дар марҳилаи фаъол қарор дорад.Штамми омикрони коронавирус ё B.1.1.529 дар моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ин вирус ҳатто афродеро, ки қаблан мариз шудаанд ва ё ваксина гирифтаанд, низ мубтало мекунад.Тибқи маълумоти охирин, штамми нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пайдо шудааст.Он назар ба навъи қаблии коронавирус - делта зудтар паҳн мешавад.Дар Тоҷикистон феълан ин навъ коронавирус роҳ наёфтааст, вале аксари шаҳрвандон аз дарди тамоми бадан, сулфаи хушк, дарди шадиди гулӯ ва роҳҳои нафас шикоят мекунанд. Кормандони беҳдоштӣ мегӯянд, шаҳрвандон танҳо гирифтори зукоми мавсимӣ ҳастанд ва ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст.
https://sputnik.tj/20220119/sjb-shtamm-koronavirus-hushdor-1044930317.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043106848_146:0:2877:2048_1920x0_80_0_0_71824b97335549dbcd429a11aeadb6bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия омикрон коронавирус кӯдакон
русия омикрон коронавирус кӯдакон
Иммунолог: Аз штамии омикрон бештар кӯдакони то сесола мефавтанд
13:10 19.01.2022 (Навсозишуда: 17:22 19.01.2022) Иммунологи рус мегӯяд, аз омикрон бештар кӯдакони то сесола ва ҳамчунин пиронсолон фавт хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз штамии омикрон бештар пирон, нафарони гирифтори бемориҳои музмин ва ҳамчунин кӯдакони то сесола мефавтанд, хабар медиҳад "Ura.ru" аз қавли иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков.
Ин мутахассис ба афзоиши маргумир аз ин навъи коронавирус дар миёни тифлон таваҷҷуҳ кардааст.
Омикрон ба ҳама афрод зарба мезанад, аммо марг мисли пештара одамони калонсол ва нафарони бемори касалиҳои музминро интизор аст. Фавт дар байни кудакони то сесола низ зиёд шудааст", - тавзеҳ дод Крючков.
Ба гуфтаи ӯ, наврасон ба штамми омикрон тобовартаранд, зеро системаи масунияти онҳо дар марҳилаи фаъол қарор дорад.
Штамми омикрони коронавирус ё B.1.1.529 дар моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд. Ба гуфтаи коршиносон, ин вирус ҳатто афродеро, ки қаблан мариз шудаанд ва ё ваксина гирифтаанд, низ мубтало мекунад.
Тибқи маълумоти охирин, штамми нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пайдо шудааст.
Он назар ба навъи қаблии коронавирус - делта зудтар паҳн мешавад.
Дар Тоҷикистон феълан ин навъ коронавирус роҳ наёфтааст, вале аксари шаҳрвандон аз дарди тамоми бадан, сулфаи хушк, дарди шадиди гулӯ ва роҳҳои нафас шикоят мекунанд. Кормандони беҳдоштӣ мегӯянд, шаҳрвандон танҳо гирифтори зукоми мавсимӣ ҳастанд ва ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст.