https://sputnik.tj/20211227/zadukhurdi-margbor-dar-panjakent-1044423312.html
Задухӯрди гуруҳӣ дар Панҷакент куштаю захмӣ низ дар пай доштааст
Задухӯрди гуруҳӣ дар Панҷакент куштаю захмӣ низ дар пай доштааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон занозании шадиде рух дод, ки дар пайи он чанд нафар кушта ва бар иловаи захмиён низ ҳастанд
2021-12-27T10:43+0500
2021-12-27T10:43+0500
2021-12-27T10:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
панҷакент
муноқиша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8d5defc7ad87e1cf761974b73b774ca7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд як занозании оммавӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пай кушта низ доштааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Ҳодиса як рӯз пеш дар Панҷакент рух додааст. Дар ин ҳодиса дастикам ду нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ тавзеҳ додааст, ки феълан додситонӣ тамоми ҷузъиёти ҳодисаро мушаххас мекунад. Аз рӯи ин далел аллакай тафтишот оғоз шудааст.Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, занозанӣ рӯзи 26 декабр дар назди мактаби миёнаи рақами 15 рух додааст. Тибқи иттилои пешакӣ, дар ин муноқиша ҳудуди 10 нафар ширкат доштаанд, ки ҳама зодагони ин минтақа гуфта мешавад. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар пайи муноқиша аз захми корд се тан, ки ду нафарашон бародарон гуфта мешаванд, ҳалок шудаанд.Ҳоло бархе аз ширкатдорони занозанӣ боздошт шуда, шоҳидӣ медиҳанд.
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_194:0:915:541_1920x0_80_0_0_0608625de3d0c39d67de24975583429e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
задухӯрд гуруҳӣ панҷакент кушта захмӣ
задухӯрд гуруҳӣ панҷакент кушта захмӣ
Задухӯрди гуруҳӣ дар Панҷакент куштаю захмӣ низ дар пай доштааст
10:43 27.12.2021 (Навсозишуда: 10:49 27.12.2021) Дар шимоли Тоҷикистон занозании шадиде рух дод, ки дар пайи он чанд нафар кушта ва бар иловаи захмиён низ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд як занозании оммавӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар пай кушта низ доштааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо такя ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Ҳодиса як рӯз пеш дар Панҷакент рух додааст. Дар ин ҳодиса дастикам ду нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ тавзеҳ додааст, ки феълан додситонӣ тамоми ҷузъиёти ҳодисаро мушаххас мекунад. Аз рӯи ин далел аллакай тафтишот оғоз шудааст.
"Сабабҳои занозанӣ муайян карда шуда, ҳуввияти иштирокчиёни ин ҳодиса маълум мешавад. Тафсилоти дигар дертар маълум хоҳад шуд", - гуфт як манбаъ дар ин ниҳод.
Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, занозанӣ рӯзи 26 декабр дар назди мактаби миёнаи рақами 15 рух додааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, дар ин муноқиша ҳудуди 10 нафар ширкат доштаанд, ки ҳама зодагони ин минтақа гуфта мешавад.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар пайи муноқиша аз захми корд се тан, ки ду нафарашон бародарон гуфта мешаванд, ҳалок шудаанд.
Ҳоло бархе аз ширкатдорони занозанӣ боздошт шуда, шоҳидӣ медиҳанд.