https://sputnik.tj/20211201/parvoz-kobul-toshkand-az-sar-1043865673.html
Расонаҳо: Парвозҳои миёни Кобул ва Тошканд аз сар гирифта мешаванд
Расонаҳо: Парвозҳои миёни Кобул ва Тошканд аз сар гирифта мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимол меравад, ки парвозҳои миёни Тошканд ва Кобул ҳафтаи оянда аз сар гирифта шавад
2021-12-01T15:16+0500
2021-12-01T15:16+0500
2021-12-22T19:38+0500
афғонистон
тошканд
толибон
нақлиёт
ӯзбекистон
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040302120_161:590:2284:1784_1920x0_80_0_0_3b49a9a537205de0ec878c10efa5851f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Парвози ҳавопаймоҳо байни КобулуТошканд ҳафтаи оянда эҳтимол аз сар гирифта шаванд, хабар медиҳад оҷонсии "Bakhtar"-и Афғонистон бо истинод ба изҳороти раиси ширкати "Kam Air" Змар Камгар. Ба гуфтаи Камгар, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст. Вай таъкид кард, ки ҳафтаи оянда парвозҳои мустақими Кобул - Тошканд ва Тошканд - Кобул бояд оғоз шаванд. Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳавонавардии Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазами байни Кобулу Тошканд хабар надоранд. Дар ширкати "Узавиатсия" низ хабар доданд, ки "чунин маълумот надоранд". Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибонТолибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард. Ваъдаи Мирзиёев ба афғонистониён: Гурусна намемонедРӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.
https://sputnik.tj/20211008/toshkant-tolibon-tirmiz-nishast-1042713119.html
афғонистон
тошканд
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040302120_0:275:2364:2048_1920x0_80_0_0_b7198a7df750efad5e98b48292ba01b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, кобул, тошканд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Парвози ҳавопаймоҳо байни КобулуТошканд ҳафтаи оянда эҳтимол аз сар гирифта шаванд, хабар медиҳад оҷонсии "Bakhtar"-и Афғонистон бо истинод ба изҳороти раиси ширкати "Kam Air" Змар Камгар.
Ба гуфтаи Камгар, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст. Вай таъкид кард, ки ҳафтаи оянда парвозҳои мустақими Кобул - Тошканд ва Тошканд - Кобул бояд оғоз шаванд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳавонавардии Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазами байни Кобулу Тошканд хабар надоранд.
"Мо чунин маълумот надорем", - гуфтааст намояндаи Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон ба хабаргузории РИА "Новости" дар шарҳи хабари расонаҳои афғонистонӣ.
Дар ширкати "Узавиатсия" низ хабар доданд, ки "чунин маълумот надоранд".
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.