Ваҳшоният ва даҳшат: вокуниши Ваколатдори ҳуқуқ ба куштори Руфайда

© PexelsДевочка закрывает уши руками
Девочка закрывает уши руками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба волидони духтарак кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон куштори мудҳш ва даҳшатбори духтараки 8-солаи тоҷик дар ноҳияи Рӯдакӣ Руфайда Иноятоваро маҳкум кардааст.
"Ҳодисаи куштори Руфайда Иноятова, ки 4 июл бо бераҳмии махсус содир шудааст, боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ, хусусан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тақозо менамояд", - менависад манбаъ.
Ваколатдор меафзояд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳолатҳои муносибати бад ва ғайриинсонӣ нисбат ба кӯдакон ҷой доранд.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Изтироби Рустами Эмомалӣ аз куштори Руфейда: аз назорати тафтишот то пурзӯр кардани ҷазо
Дар бештар ҳолат, ин гуна ҷиноятҳо нисбат ба кӯдакон аз ҷониби хешовандон, ҳамсоягон, васию парастор ва ҳатто волидайн, яъне он нафароне, ки кӯдакон ба онҳо боварӣ доранд ё дар тарбияву тобеияти ҷисмонӣ ва психологии онҳо ҳастанд, содир карда мешаванд.
"Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо дарназардошти таъмин намудани манфиатҳои беҳтарини кӯдакон такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакон ва таъмини кафолати ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакон-ҷабрдидагон ва шоҳидони ин категорияи ҷиноятҳоро ҷонибдорӣ менамояд", - таъкид мекунад манбаъ.
ВКД 7 сокини гумшударо ҷустуҷӯ мекунад: аз ҷумла 4 кӯдак
Ҳодисаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дошта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ёрии ҳуқуқӣ ба пайвандони марҳум мусоидат намояд.
Лентаи хабарҳо
0