Паёму дуруди Путинро ба Раҳмон расонданд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Вячеслав Володин раиси Думаи Русия ба раисиҷумуҳри Тоҷикистон паём ва дуруди Владимир Путинро расонд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Президенти Тоҷикистон паёму дуруд фиристодааст, ки онро раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.
Володин феълан дар Душанбе қарор дорад ва он ҷо Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷараён дорад.
Ба навиштаи дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 июл раҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ин ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ-сиёсии Созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Раҳмон ва Володин масъалаи ташкили рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористиро баррасӣ карданд
Ҳамзамон, зимни мулоқот роҳҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ баррасӣ гардид.
Иштирокдорони ин ҷаласа инчунин ба масъалаи амният дар Афғонистон низ дахл карда, таъкид карда шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳои мақомоти расмии ин кишвар, инчунин ҷомеаи ҷаҳонро оид ба оғози раванди сулҳ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард.
Дар фарҷом, Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Лентаи хабарҳо
0