Боғи ҳайвоноти Маскав - яке аз қадимтарин боғи ҳайвонот (1864) дар Аврупо ва панҷумин боғи ҳайвонот дар Русия пас аз боғҳои ҳайвоноти Ярославл, Ростови лаби Дон, Новосибирск ва Красноярск аст. Яке аз даҳ боғи ҳайвоноти машҳури ҷаҳон, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳ аз он дидан мекунанд (то 3,8 миллион нафар дар як сол).
Боғ дорои 1267 намуди ҳайвонот аст ва шумораи онҳо ба 10531 баробар мебошад.
Аз соли 2017 то 2019, дар қаламрави Боғи ҳайвонот таҷдиди ҳамаҷониба гузаронида шуд, ки дар натиҷа кори муассиса ба меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳайвонот мутобиқ карда шуд.
Аз ҷумла, дар минтақаи тамос паноҳгоҳҳои махсус сохта шуданд, ки дар онҳо ҳайвонҳо метавонанд то вақте ки мехоҳанд бимонанд ва бар хилофи иродаи худ ба назди меҳмонон нараванд.
24 майи соли 2019, дар доираи барномаи аврупоии ҳифзи саршумори гургон як гурги нодир, ки ба Китоби Сурх шомил шудааст, аз Олмон ба Боғи ҳайвоноти Маскав оварда шуд.
Дар бораи дигар ҳайвоноти нодири ин боғ аз гузори аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.