ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Коршиноси рус дар мусоҳиба бо “MK” як қатор давлатҳоеро номбар кард, ки эҳтимоли даргирии мусаллаҳона дар соли 2021 вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи коршиноси ҳарбӣ Алексей Валюжевич, соли ҷорӣ метавонад аз "дастовардҳо" -и соли 2020, ки бо муноқишаҳои гуногуни мусаллаҳона ва мазҳабӣ ва инчунин паҳншавии босуръати коронавирус қайд карда шудааст, зиёдтар бошад.
Ба гуфтаи коршинос, дар соли 2021 мавҷи хушунат танҳо афзоиш хоҳад ёфт ва оқибатҳои онро ҳанӯз наметавон пешгӯӣ кард.
Валюжевич Афғонистонро яке аз минтақаҳои "гарм" номида гуфт, интизор меравад, ки дар соли 2021 аксари нерӯҳои эътилофи ИМА ва НАТО аз ин ҷо хориҷ шаванд.
Вай таъкид кард, ки коҳиши контингенти амрикоӣ ногузир ба афзоиши нуфузи ҷунбиши радикалии Толибон, (фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон кишварҳои дигар манъ карда шудааст), оварда мерасонад.
Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео
Ба гуфтаи коршинос, "даври нави муноқишаи абадии Афғонистон" дар инҷо аён аст.
Ин вазъ махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарнок аст. Ҷанг мустақиман ба марзҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон наздик мешавад.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, тақрибан дар худи марз бо Афғонистон ҷойгир аст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон 1300 км марзи муштарак дорад.
Дар вилоятҳои ҳаммарз бо Афғонистон, тез-тез амалҳои террористӣ, задухӯрдҳо байни низомиён ва ҷангиён, аз ҷумла ҳаракати “Толибон” ба қайд гирифта мешуданд.
Дар ҳамин ҳол, коршинос секунҷаи Ҳиндустон - Чин - Покистонро аз назари таниш аввал номид.
Ҷанҷоли деринаи болои қаламравҳои шимолии Ҳимолой, ки се кишвар даъво доштанд, метавонад ба задухӯрдҳои ҷиддӣ оварда расонад.
Раҳмон аз хатару таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД ҳушдор дод
Дар байни Покистон ва Ҳиндустон барои иёлатҳои Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, қаламрави Хайбар Пахтунхваи Покистон мубориза бурда мешавад, зеро онҳо гузаргоҳҳои асосии нимҷазираи Ҳиндустон мебошанд.