ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik. Бино бар иттилои маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин марди 48 сола қаблан дар кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон бо моддаи 223 Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум шуда буд.
Тавре масъулини вазорати умури дохила хабар доданд, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ариза марди 39-солаи сокини пойтахт дастрас шуд.
Марди 39-сола ба кормандони милиса шикоят бурдааст, ки санаи 26 апрел, ҳангоми дар гузаргоҳи А.Раҷабовҳои пойтахт қарор доштанаш, марди 48-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 223 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон маҳкум шуда буд, бе ягон асос ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-таъкид доштааст манбаъ.
Ба гуфтаи масъулини ВУД Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дорад ва нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.