Барфу борон: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

© PxhereМытье рук в чистой воде
Мытье рук в чистой воде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Дар баъзе минтақаҳо бошад, ҳарорат то 11 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда,  рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  аз 4-9 то 10-15 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон ва дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Шамол  аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати  4-9  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок пешбинӣ шудааст. Рӯзона  дар ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок дар назар буда, рӯзона дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ барф меборад.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3-8 то 10-15 дараҷа хунук  ва  рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок мешавад. Рӯзона  борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0