ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб соли сипаригардида беш аз 300 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷа беш аз 234 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид.
"Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода имрӯз дар нишасти хабарӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти назорати молиявӣ гуфт, ки аз маблағи умумии зарари молиявӣ, 100 миллион сомонӣ ба хароҷоти пулию молӣ, 10 миллион сомонӣ ба камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, беш аз 46 миллион сомонӣ ба талафи воситаҳои пули молӣ, зиёда аз 47 миллион сомонӣ ба маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо рост меояд", - менависад "Ховар".
Инчунин изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ зиёда аз 28 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ беш аз 570 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ беш аз 386 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Палатаи ҳисоб: қариб 160 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд
Ҳамзамон Қарахон Чиллазода афзуд, ки дар ин давра кормандони Палатаи ҳисоб барои бартараф намудани камбудию норасоиҳое, ки дар ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ ошкор гардиданд, тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Дар натиҷа дар буҷети мамлакат зиёда аз 80 миллион сомонӣ ва дар муассисаю ташкилот беш аз 132 миллион сомонӣ зарари молиявӣ барқарор гардид.
Бо дахли ҳамкории хориҷӣ Қарахон Чиллазода зикр кард, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии Россия, Қазоқистон, Беларус, Молдова, Латвия, Чин, Покистон, Эрон ва дигар давлатҳо созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.