Раҳимов дар бораи тӯҳфа ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, бозии тезутунд ва умед ба медали тилло

© дафтари матбуоти ФФТЗайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мурабии дастаи мунтахаби наврасони тоҷик гуфт, ки даста пирӯзиашро ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебахшад. "Президенти маҳбуби кишвар барои ривоҷу равнақи футбол дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд", мегӯяд вай

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов гуфт, ки пирӯзии тими Тоҷикистонро дар бозии нимниҳоии Қаҳрамонии футболи Осиё бар Кореяи Ҷанубӣ, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебахшад. Ба гуфтаи вай, бози тезутунд буд, хусусан давраи дувуми он бисёр душвор буд, аммо "шербачаҳо"-и тоҷик тавонистанд.

"Мо ин ғалабаро ба Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз 5 октябр зодрӯз доранд, мебахшем. Президенти маҳбуби кишвар барои ривоҷу равнақи футбол дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд", - изҳор доштааст вай.

Нимаи дуюми бозӣ бисёр душвор буд, аммо футболбозони мо қуввату тавоноии нав пайдо карда, дар ҳар қитъаи майдон муборизаи беамон бурданд, то ба ғалаба ноил шаванд. Барои ин ҷасорат ман ба онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам, афзудааст Раҳимов.

Сармураббӣ таъкид доштааст, ки дар ин пирӯзӣ нақши дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов бузург буд.

Ҳоло даста ду рӯз дар ихтиёр дорад, ки ба бозии ниҳоӣ бо Ҷопон омодагӣ бинад.

"Тамоми кӯшишро барои ба даст овардани медалҳои тилло ба харҷ медиҳем", -мегӯяд вай.

Лентаи хабарҳо
0