Шаҳрвандони ҶТ бо 10 кг ҳероин дар вилояти Маскав боздошт шуданд

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкМаводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони пулиси вилояти Маскав ду қочоқчиро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, боздошт карданд. Ҳангоми бозрасӣ аз боздоштшудагон 10 кг маводи машкуке пайдо карда шуд, ки коршиносон онро ҳероин унвон карданд.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Аз ду шаҳрванди Тоҷикистон маъмурони интизомӣ 10 кг ҳероин кашф ва мусодира карданд, хабар медиҳад БалтИнфо.

Ин афрод 7 феврал аз сӯйи маъмурони пулиси нақлиётӣ дар ноҳияи Ступино дар наздикии истгоҳи Жилево бо 9,7 кг маводди мухаддир боздошт шуданд. Рӯзи дигар, менависад хабаргузорӣ, бозрасӣ собит кард, ки маводди забтшуда аз атбоъи Тоҷикистон ҳероин аст.

"Қочоқчиён ба хотири гурез аз бозрасӣ қаторро на дар истгоҳи охирин, балки зудтар тарк карданд. Вале маъмурони интизомӣ ба чунин амр омода буданд ва боздошти ин афрод бидуни мушкиле сурат гирифт. Парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "Қочоқи ғайриқонунии маводди мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, ки аз сӯйи гурӯҳи ҷиноӣ сурат гирифтааст" боз шудааст", — шарҳ дод манбаъи БалтИнфо дар ниҳодҳои интизомӣ.

Тибқи ин моддаи қонуни ҷиноӣ боздоштшудагонро ҳабси абад таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0