Заминларзаи шадид дар Тоҷикистон 17 манзилро хароб кардааст: акс

Последствия землетрясения в Таджикистане. Архивное фото
Ҳоло комиссияи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ таҳти раҳбарии муовини раиси ин ин ниҳод барои арзёбии хисорот ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод рафтаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бар асари заминларзаи субҳгоҳӣ дар шарқи Тоҷикистон 17 хона хароб шудааст.
Дар ин бора маркази рафъи бӯҳрони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар бар асоси додаҳои аввалия гузориш медиҳад.
"Тибқи маълумоти муқаддамотӣ, дар маркази заминларза дар шарқи Тоҷикистон, ки соъати 09.24 ба вақти маҳаллӣ (07.24 ба вақти Маскав) рух додааст, 17 бинои истиқоматӣ ва як мактаб қисман тахриб шудаанд", — омадааст дар хабар.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки маркази зилзила дар 160-километрии шимолу шарқи Душанбе, дар минтақаи Рашт воқеъ буд.
"Шиддати заминларза ба гуфтаи зилзилашиносони тоҷик 5 балл ва дар Душанбе 4 балл будааст",- афзуд манбаъ.
Таъкид мешавад, Кумита зарари расида аз ин ҳодисаро муаян мекунад.
Барои ин ҳоло комиссияи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ таҳти раҳбарии муовини раиси ин ниҳод Ҳотамшо Латифзода барои арзёбии хисорот ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод рафтаст.
Дар Суғд маргу зарар аз ҳодисаҳои фавқулода афзудааст
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.