ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз бозошти Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” ва собиқ муовини гурӯҳи “Авангард” бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ” хабар дод.
“Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, Шарифзода Додихудо сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти марбут ба муқобили озодии ҷинсӣ дастгир карда шуд”, - қайд кардааст ВКД.
Ин ниҳод хабар додааст, ки Додихудо Шарифзода, аз моҳи ноябри соли 2024 то ин ҷониб бо як нафар духтари ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом медодааст.

Додихудо Шарифзода
© Foto / Отделение МВД по городу Душанбе
ВКД Қайд кардааст, ки номбурда боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.
Пулиси Душанбе хабар додааст, ки бар зидди ӯ бо иттиҳоми “алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ парванда оғоз шудааст.
Айни замон номбурда дар ҳабс қарор дошта, бо мақсади қабули қарори қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии Суд қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки Додихудо Шарифзода, роҳбари ташкилоти “Маркази рушди зеҳнӣ” буд. Ин созмон солҳои охир озмуни “100 чеҳраи муваффақ”-ро баргузор мекард ва ба мансабдорону варзишгарон, блогерону рӯзноманигорон ва дигар чеҳраҳои шинохта ҷоиза медод.
Ҳамчунин, Додихудо Шарифзода қаблан узв ва муовини роҳбари “Авангард”, як гурӯҳи ҷамъиятие, ки аз сӯйи ВКД пуштибонӣ мешавад, муаррифӣ мешуд. “Авангард” як созмонест, ки расман дар вазорати адлия сабтином нашудааст ва роҳбарони он иддаъо мекарданд, беш аз 22 ҳазор аъзо доранд.
“Пешоҳанг” ё “Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Мардихудо Давлатов, ки худро роҳбари “Авангард” медонад, гуфт, онҳо ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон ҳастанд. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гуруҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.
Аз ҷумла намояндаҳои ин гуруҳ борҳо дар назди сафоратхонаҳову созмонҳои муқими Душанбе бо ҳадафи бозгардонии мухолифин ва пуштибонӣ накардани кишварҳои хориҷӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки мақомот дар содир кардани ҷиноятҳо муттаҳам медонад, эътироз кардаанд.
Ҳамчунин намояндагони ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд.
Баъд аз баҳсҳои зиёд дар дар атрофи ин гурӯҳ Вазорати корҳои дохилӣ соли 2021 эълон кард, ки онро барҳам медиҳад. Аммо дар фазои интернет ба хусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ аъзоёни “Авангард” то ҳол фаъоланд.